Сарвазири пешини Фаронса Франсуа Фийон аз ҳизби консерваторон дар назарсанҷии пешазинтихоботӣ пирӯз шудааст. Вай тақрибан пуштибонии 70 дарсади овоздиҳандагонро ба даст овардааст. Тавре хабаргузории Reuters иттилоъ медиҳад, рақиби Фийон - сарвазири дигари Фаронса Ален Жюппе дар назарсанҷиҳо наздики 32 дарсад раъй гирифтааст.
Франсуа Фийон ҷонибдори муносибатҳои наздик бо Русия аст. Вай омодааст, ки масъалаи манъи таҳримҳои зидди Русияро баррасӣ кунад ва дар мавриди Сурия бо Русия ҳамкорӣ намояд.
Назарсанҷиҳои охир шаҳодат медиҳанд, ки Франсуа Фийон дар интихоботи президентӣ пешсаф аст. Интизор меравад, роҳбари Фронти миллии Фаронса Марин Ле Пен дар интихоботи президентии Фаронса, ки баҳори соли 2017 дар назар аст, рақиби Фийон хоҳад шуд.