Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев: Нақшаи ба мерос гузоштани ҳукуматро надорам


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар мусоҳибае бо хабаргузории Bloomberg гуфтааст, барномаи интиқоли ҳукуматро бо роҳи мерос рӯи даст надорад. "Ман касеро омода намекунам. Нақшаи ба мерос гузоштани ҳукуматро барои фарзандонам рӯи даст надорам. Ман фикр мекунам, ки ин муносиби мо нест", - гуфтааст Назарбоев.

Президенти Қазоқистон афзудааст, ният дорад, то соли 2020 сари қудрат боқӣ монад. "Дар соли 2020 мо бо шумо дидор мебинем", - бо лабханд гуфтааст Назарбоев. Дар ҳамин ҳол вай илова кардааст, ки ҳанӯз дар бораи муҳлати навбатии президентиаш сухан гуфтан зуд аст. Муҳлати навбатии вай аз саломатӣ ва пуштибонии мардуми Қазоқистон вобаста аст.

Назарбоеви 76-сола аз соли 1991 ба ин сӯ бе танаффус президенти Қазоқистон аст. Тибқи Конститутсияи ин кишвар, Назарбоев ҳақ дорад, ки ба таври номаҳдуд номзадиашро дар интихоботи президентӣ пешбарӣ кунад. Назарбоев унвони "пешвои миллат"-ро гирифтааст. Ин унвон ӯро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, ҳатто баъди истеъфояш, озод мекунад.

XS
SM
MD
LG