Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко аз Аврупо хост, ки таҳримҳои Русия тамдид шавад


Президенти Украина Петро Порошенко дар мулоқот бо раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ба ҳифзи таҳримҳои Русия пофишорӣ хоҳад кард. Порошенко рӯзи 24 ноябр бо Доналд Туск ва Жан-Клод Юнкер мулоқот ва нигаронии худро дар робита бо эҳтимоли нарм шудани мавқеи Ғарб дар муқобили Русия баъди моҳи январ сари кор омадани президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп баён кард. Моҳи оянда ҷаласаи навбатии Иттиҳодияи Аврупо барои баррасии эҳтимоли тамдиди таҳримҳои Русия ба мӯҳлати 6 моҳи дигар баррасӣ мешавад. Ин таҳримҳо баъди он ҷорӣ шуд, ки ҳавопаймои ширкати ҳавоии Малайзия дар фазои Украина дар соли 2014 суқут дода шуд. Трамп дар маъракаи интихоботиаш ишора кардааст, ки аз мавқеи нармтар бо Русия кор хоҳад гирифт ва ҳатто шояд ишғоли Қримро аз ҷониби Маскав эътироф хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG