Мақомоти Русия мегӯянд, шаш ноболиғе, ки дар вилояти Иркутск гирифтори гепатити А будаанд, зодагони Тоҷикистон мебошанд. Тибқи иттилои хабаргузории "Интерфакс", мақомоти раёсати минтақавии "Роспотребнадзор" гуфтаанд, шаш ҳолати гирифтор шудани кӯдакон ба гепатити А дар ноҳияи Качугскийи вилояти Иркутск сабт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 16-17 ноябр панҷ толибилми мактаби шумораи рақами 1-и ноҳияи Качуг ва як кӯдаки томактабӣ дар бемористони ноҳия бистарӣ шуданд. Дар ҷараёни ташхис маълум шудааст, ки кӯдакони сироятшуда ба гепатити А аз Тоҷикистон мебошанд. Светлана Каурова, сухангӯи раёсати "Роспотребнадзор" гуфтааст, дар тирамоҳи соли ҷорӣ ба ноҳияи Качуг як хонавода аз Тоҷикистон омадааст, ки яке аз афроди он ҳанӯз дар ватанаш гирифторӣ беморӣ будааст.
Каурова гуфтааст, "бузургсолон бемор буданд ва кӯдакон ҳам олуда шуданд. Кӯдаки калонӣ мактабхон будааст ва чаҳор кӯдаки дигари синну соли мухталиф олуда ба ин вирус шуданд. Аз ҳама хурдтарини онҳо, ки сесола мебошад, низ дар бемористон бистарӣ шудааст."
Светлана Каурова гуфтааст, барои бори ахир ҳодисаи гирифторӣ ба гепатити А дар вилояти Иркутск дар соли 2014 сабт шуда ва 17 нафар кӯдак дар ноҳияи Бохан ба ин вирус мубтало шуданд, ки миёни онҳо хориҷиҳо низ буданд. Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳоли ҳозир дар ноҳияи Качуг тадобири беҳдоштӣ рӯи даст гирифта шудааст ва дар мактаби шумораи 1, ки кӯдакони мубтало ба ин вирус дар он таҳсил мекарданд, то 21 декабр карантин эълон шудааст. Раванди таълим дар ин мактаб мутаваққиф нашудааст, аммо ҳама чорабиниҳои умумиро лағв кардаанд.
Дар ҳамин ҳол дар идораи тандурустии вилояти Иркутск ба ин хабаргузорӣ гуфтаанд, аломатҳои вирус танҳо дар яке аз ин шаш кӯдаки бистарӣ мушаххас шудааст.