Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW ба ҳимояи шиаҳои Афғонистон даъват кард


TiserPage--HRW/Drabkin for currenttime.tv ONLY
TiserPage--HRW/Drabkin for currenttime.tv ONLY

Созмони ҳуқуқи башари Ҳюман Райтс Вотч аз ҳукумати Афғонистон даъват кард, ки барои ҳимояи беҳтари ақалиятҳои шиамазҳаб "барномаи амниятӣ" таҳия кунад.

Ин созмон рӯзи 21 ноябр, як рӯз баъд аз ҳамлаи маргталабона ба масҷиди шиаҳо дар Кобул, ки беш аз 27 танро кушта бар ҷо гузошт, изҳорот пахш кард.

Масъулияти ин ҳамларо афроди мусаллаҳи марбут ба гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" бар дӯш гирифтанд, ки аз моҳи июл то ҳол чаҳор дафъа ба ақалиятҳои шиа ҳамла бурдаанд.

Ҳюман Райтс Вотч мегӯяд, ки маргталабони мазҳабӣ аз моҳи июл то ҳол 500 намояндаи ҷомеаи шиаҳоро кушта ё захмӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG