Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кремл: Мушакҳо дар Каленинград барои ҳимоя аз таҳоҷуми НАТО аст


Кремлин истиқрори системаҳои мушакӣ дар Каленинградро "тадобири таъмини амнияти Русия, бинобар сиёсати хашини НАТО" унвон кард. Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳур ба хабарнигорон гуфт, ки Русия бо назардошти ҳуқуқи соҳибихтиёрии худ амал мекунад.

Песков НАТО-ро "паймони таҳоҷумӣ" ном бурд.

Рузи сешанбе намояндаи расмии Департаменти Давлатии Амрико Ҷон Кирби ба худдорӣ аз сухан ва амалҳое даъват кард, ки ҷавобгӯи ҳадафи таъмини амният ва суботи минтақа нестанд.

Ахиран раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, пойгоҳҳои НАТО, ки ба Русия таҳдид мекунанд, ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ қарор мегиранд.

Рӯзи душанбе хабаргузории "Интерфакс" гуфт, ки қисми низомӣ дар Каленинград бо системаи мушакии соҳилии "Бастион" таҳким ёфт. Моҳи октябр Вазорати дифои Русия хабареро тасдиқ кард, ки сохтори мушакҳои тактикии навъи "Искандар" ба вилояти Каленинград интиқол ёфтанд.

XS
SM
MD
LG