Баландаошёнае дар кӯчаи Радужний дар пойтахти Украина зоҳиран аз биноҳои дигари ҳамшаклаш, ки дар Шӯравии собиқ сохта шудаанд, фарқ надорад. Даромадгоҳе, ки дар он нафақахӯр Владимир Чайка зиндагӣ мекунад, қаблан даромадгоҳи оддӣ буд. Аммо дар муддати 15 сол корманди собиқи «метрополитен» онро ба қаср табдил додааст. Ҳоло ҳамсояҳо макони зисташонро шабеҳи Верселу Эрмитаж медонанд.
Ҳоло даромадгоҳи манзили зисти ин бознишаста ба макони ҷалби сайёҳон ва ба як гӯшаи тамошо табдил шудааст.
Владимир Чайка то замоне ки як даромадгоҳи оддӣ ба «Эрмитаж» табдил шавад, ба қавли худаш «хеле сохт ва хеле канд». «Ҳатто чунин мешуд, ки аз рахти хоб боло мешудам ва мекандам. Фикр мекардам, ки ба ин шакл дуруст нест. Масалан, як сақфро чаҳор бор тағйир додам», - нақл кард ӯ.
Владимир Чайка беш аз ҳама аз гулкориҳое, ки бо гаҷ сохтааст, ифтихор мекунад. Тарзи гаҷрезиро ӯ бо ёрии яке аз ҳамкоронаш омӯхтааст: «Гаҷкорӣ хеле мушкил, вале роҳатбахш аст. Шумо тасаввур мекунед, ки вақте қолабрезӣ мекунам, мунтазир мемонам, кай хушк мешавад. Вақте онро ранг мекунӣ, рангоранг мешавад ва рангҳо ба бозӣ медароянд.»
Вақте ин бознишаста лӯлаи паротовгузари даромадгоҳи хонаашонро намои дигар дод, бештари сокинон ҳатто аз наздик шудан ба он парҳез мекарданд. Дар деворҳо тасвири дӯстдоштании Чайка инъикос ёфтаанд. Инҳо асари «Мона Лиза»-и Леонардо да Винчӣ ва корҳои наққошони дигари рус мисли Карл Брюлов ва Виктор Васнетсов мебошанд. Баъзеҳо маҳсули кори Чайкаро нигориши беҳунарона медонанд.
Валерий Гарчёв, ҳамсояи ин бознишаста, ки меъмору наққош аст, дар нигоришҳои ӯ идомаи анъанавиро мебинад. Грачёв гуфт, «ранги сафед бо зарҳалину кабуд омезиши маъмулист. Чунин омезиши рангҳо ҳамеша муваффақ мешаванд.» Аммо бо ин ҳама даромадгоҳи манзили зисти ин бознишаста ба макони ҷалби сайёҳон ва ба як гӯшаи тамошо табдил шудааст.
Абдунабӣ Сатторзода, донишманди сермаҳсул, инсони комил ва хирадманд, шахси хоксор ва баобруйро бо зӯдрӯзашон табрик мекунам. Орзумандам,ки на танҳо саломатии ҷисмонӣ, боз инчунин саломатии фитрияшон ҳамеша мисли ҳозир пойдор бошанд, умри бобаракаташон ҳамеша дар иҳотаи аҳли илму адаб гузарад ва осори заҳмати зиёда аз нимасриашон ва баъдина эҷод мекардаашон ба асрҳо дастрас ва манбаъи омӯзиши толибилмон боқӣ монад.
Ин амали куҳна ҳаст дар ҳукумати амрико дар оғози кор трамп ҳам мушукҳои (тамагафка) партоб карда буд ба Сурия як пойгоҳи низоми. Ин амалҳоро вақташон гузашт. Қудрати инҳоро мо бо Толибон дидем 20сол натиҷа Қатар Доха.
Ба шумо барори кор мехохем ва осмони софу бехубор.зинда бошед курбони Алимардон
Ин мардуми киргиз тамоман рохгум задааст!!!
Ба гайр аз Хитой дигар давлата нестми конро кобад ин Хитой хамачоя сохиб шудайку.