Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни собиқадорон


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ноком шуданд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон (Veterans World Judo Championships 2016), ки рӯзҳои 18-20 ноябр дар шаҳри Форт-Лодердейли иёлати Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор шуд, 754 варзишгар аз 60 кишвар ширкат дошт. Мусобиқа аз рӯи ҳафт вазн миёни мардони синашон аз 30-сола боло дар гурӯҳҳои мухталиф сурат гирифт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ чаҳор варзишгар намояндагӣ кард: Алишер Аламов (M3 -73 кг), Ҷавҳаршо Ёқубов (M3-81 кг), Мирзо Абдуллоев (M4-100 кг) ва Бозоралӣ Маҳмудов (M5-100 кг).

Аз байни гуштигирони тоҷик танҳо Алишер Аламов ба натиҷаи нисбатан хубтар ноил шуд. Вай дар гурӯҳи худ дар вазни то 73 кило мақоми ҳафтумро ишғол кард. Аз рӯи ин натиҷаи ба даст овардаи Алишер тими Тоҷикистон дар ҳисоби дастаӣ дар байни 60 кишвар мақоми 44-умро соҳиб гашт.

Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 29 медал – 9 тилло, 6 нуқра ва 14 биринҷӣ – ғолиб шуд. Мунтахаби Фаронса бо касби 24 медал (8+7+9) дар мақоми дувум ва мунтахаби Русия бо касби 19 медал (7+4+8) дар мақоми севум қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG