Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали амрикоӣ ба истирдоди Гулен розӣ шуд


Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии мунтақиди ҳукумати Туркия, дар аёлати Пенсилвания ба сар мебарад
Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии мунтақиди ҳукумати Туркия, дар аёлати Пенсилвания ба сар мебарад

Майкл Фален, генерали бознишастае, ки рӯзи 18 ноябр ба унвони мушовири амнияти миллии Доналд Трамп муаррифӣ шуд, гуфтааст, Амрико бояд бо истирдоди Фатҳуллоҳ Гулен ба Туркия, равобиташро бо Анкара беҳбуд бахшад. Фален дар саҳифаи шахсии худ дар вебсайти The Hill Гуленро "муллои машкуки сокини Пенсилвания" ном бурдааст. Мақомҳои Туркия Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии мунтақиди давлатро ба тарҳрезии табаддулоти 15 июл дар ин кишвар муттаҳам карда ва хостори истирдоди ӯ шуданд. Дар пайи табаддулоти нофарҷом мақомоти Туркия ҳазорҳо нафарро ба гумони ҳамкорӣ бо Фатҳуллоҳ Гулен боздошту зиндонӣ карданд. Аммо Гулен, ки дар Амрико ба сар мебарад, ин иттиҳомро ба шиддат рад намудааст.

XS
SM
MD
LG