Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони оташбаси 48-соата дар Яман


Эътилофи таҳти раҳбарии Арабистони Саудӣ, ки дар Яман бо шӯришиёни шиаи ҳусӣ дастбагиребон аст, рӯзи 19 ноябр аз оташбаси 48-соата хабар дод. Ин эътилоф эълон кард, оташбас аз нимирӯзи шанбе оғоз шуда ва дар сурати пойбандии ҳусиҳо ба оташбас мӯҳлаташ дароз карда хоҳад шуд. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, чанд рӯз қабл дар сафар ба минтақа эълон кард, ки тарафҳои даргир дар ҷанги Яман мувофиқат кардаанд, оташбас аз рӯзи панҷшанбе оғоз шавад. Аммо андаке дертар Мансур Ҳодӣ – раиси ҷумҳури Яман – ин мавзӯъро рад намуд. Ҷанги тақрибан дусолаи Яман то кунун беш аз 10 ҳазор кушта ва 3 миллион овора барҷой гузоштааст. Шӯришиёни шиаи ҳусӣ аз ҳимояти Эрон бархӯрдоранд ва Арабистони Саудӣ эътилофи минтақаиро барои ҳимоят аз давлати Яман раҳбарӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG