Сӯхторе дар ҳудуди фабрикаи мурғпарварии "Абсолбют Агро"-и вилояти Тюмен ҷони ҳафт муҳоҷири тоҷикро рабудааст, ки шаш тани онҳо аз ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) ва як нафар аз Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд буданд. Сарвар Бахтӣ – сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав – рӯзи 19 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бино ба гузориши мақомоти интизомии Русия се шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ин ҳодиса заҳролуд шуда, дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфтаанд. Мақомоти Русия мегӯянд, сӯхтор дар пайи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ сар зада, дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Соли гузашта дар бораи ҳалокати муҳоҷиронии кории тоҷик дар чанд сӯхтор дар Русия хабар расида буд.
"Ҳодиса шаби ҷумъа ба шанбе рух додааст. Аз раиси диаспораи тоҷикон дар Тюмен ҳам хоҳиш кардем, ки аз ҳоли маҷрӯҳон хабар гиранд ва дар ҳолати зарурӣ мусоидат намоем", - афзуд Сарвар Бахтӣ. Бар асоси рӯйхате, ки мақомоти Русия ба сафорати Тоҷикистон пешниҳод карданд, синни муҳоҷирони ҳалокшуда аз 19 то 29 гуфта шудааст. Ҳамаи онҳо коргарони ширкати "Горизонт" буда, то нимаи аввали моҳи декабри имсол ҳаққи иқомат дар Русияро доштанд.
1. Ниёзов Умарҷон Мирзоазимович (1987), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)
2. Рӯзиев Парвин Мӯсоҷонович, (1988), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)
2. Шодиев Самариддин Фазлиддинович, (1989), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)
4. Миров Мирсабур Мирсаидович, (1997), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)
5. Нуров Қобилҷон Комилҷонович, (1994), ноҳияи Деваштич (Ғончӣ)
6. Шарифов Олимҷон Шарифович, (1997), ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, нафари ҳафтум - Назаров Ф., соли таваллудаш 1994 - ҳамон шаб барои меҳмонӣ ба назди ҳамдеҳагонаш омада ва дар ин ҳодиса ҷон бохт.
Ному насаби се нафаре, ки дар бемористонанд:
Раҳмонов Мӯҳсинҷон Акбарович (1989),
Олимов Паредҷон Олимов (1989),
Қосимов Кароматулло (1993).
Дар ҳоле ки баъзе аз расонаҳо навиштанд, ки муҳоҷирони тоҷик дар вагоне дар ҳудуди фабрикаи мурғпарварӣ мезистанд, сафорати Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз ҷузъиёт барояшон рӯшан нест. Вале Сарвар Бахтӣ гуфт, ба иттилои дарёфтии онҳо, муҳоҷирони тоҷик аз дуди ғализ ҷон бохтаанд.
Рӯзи 27 августи имсол дар анбори чопхонае дар Маскав сӯхтор сар зад ва дар пайи он 17 нафар, аз ҷумла 14 шаҳрванди Қирғизистон ҷон бохтанд. Дар рӯйхате, ки бахши қирғизии Радиои Озодӣ нашр кард, аксари қурбониёни ин ҳодиса духтарони аз 18 то 26-сола ҳастанд. Соли гузашта дар бораи ҳалокати муҳоҷиронии кории тоҷик дар чанд сӯхтор дар Русия хабар расида буд. Сӯхтори шаби 11 марти соли гузашта дар бузургтарин бозори шаҳри Қазон "Адмирал" боис ба ҳалокати дастикам 6 шаҳрванди Тоҷикистон шуда буд.
Як моҳ аз ин пеш дар сӯхторе дар наздикии шаҳраки Самофаловка дар вилояти Волгогради Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шуданд. Сӯхтори шаби 10 феврал вагонеро, ки ҷойи хоби ин ду тоҷик буд, ба коми худ кашидааст. Ба гуфтаи мақомот, сабаби сӯхтор зоҳиран истифодаи нодурусти бухории барқӣ буда, ҷасади сӯхтаи мардикоронро субҳ пайдо кардаанд. Ин ду тоҷик дар заминҳои як фермери маҳаллӣ кор мекарданд ва ҳудуди 10 сол боз дар ҳамин вагон зиндагӣ мекарданд, вале сабтиноми расмӣ надоштанд.
Дар Русия, бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Ҳар сол дар ин кишвар беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф аз олам чашм мепӯшанд. Маризӣ, садамаҳои нақлиётӣ, фалокатҳои фаннӣ дар ҷои кор, ҳамлаҳои гурӯҳҳои қавмгаро, ихтилофи байни худи тоҷикҳо ва ҳодисаҳои ногаҳоние, чун ғарқ шудан дар кӯлу дарёҳо аз иллатҳои умдаи марги мардикорони тоҷик дар ин мулки мусофирӣ шумурда мешаванд.