Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили Улюкаев аз додгоҳ хост, ки зерҳимояашро озод кунад


Вакили Сергей Улюкаев, вазири рушди иқтисодии Русия, ки ба ришваситонӣ ба маблағи 2 миллион доллар муттаҳам шудааст, аз рӯи ҳукми ҳабси хонагии зерҳимояяш ба додгоҳ шикоят бурд.

Тавре хабаргузории "Интерфакс" гузориш медиҳад, вакили дифоъ Тимофей Гриднев барои лағви маҳдудияти ҳаракати зерҳимояаш ба додгоҳи Маскав муроҷиат кардааст. Вакил дархост кардааст, ки Улюкаев бо забонхати берун нашудан аз қаламрави шаҳр озод шавад.

Сергей Улюкаев рӯзи 14 ноябр дар дафтари ширкати "Ростнефт" боздошт шуд. Тафтишот мегӯяд, ки ин мақомдор барои арзёбии мусбати созиши харидории "Башнефт" ду миллион доллар талаб кардааст. Рӯзи 15 ноябр додгоҳи Басманный Улюкаевро барои ду моҳ ба ҳабси хонагӣ маҳкум кард ва раиси ҷумҳур Владимир Путин бинобар адами эътимод ба вазир ӯро аз мақом сабукдӯш кард.

Улюкаев иттиҳоми ришваситониро рад мекунад. Вакили ӯ мегӯяд, ки бар зидди зерҳимояаш тавтеа дуруст карданд.

XS
SM
MD
LG