Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷири ӯзбек завҷаи исломгарояшро ба пулис таслим кард


Як муҳоҷири ӯзбек бо номи Лутфилло ба пулиси Москва аз ҳамсараш шикоят бурдааст.

Ҳамсари вай гӯё бо "Давлати исломӣ" робита дошта ва шавҳарашро барои пайвастан ба ин созмон даъват кардааст. Расонаҳои ӯзбекӣ менависанд, ҳамсар аз шавҳараш хостааст, ки метроро битарконад.

Лутфилло ва ҳамсараш шаҳрванди Ӯзбекистонанд. Ин ҷуфт соҳиби ду фарзанд аст. Лутфилло дар гузашта аз сӯи пулис бо баҳонаи будубоши ғайриқонунӣ дар Русия ду бор боздошт, аммо бо пардохти ҷарима раҳо шудааст.

XS
SM
MD
LG