Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи қайди ҳатмии шаҳрвандони 67- сола дар Қирғизистон


Ҳукумати Қирғизистон рӯзҳои наздик қайди ҳатмии будубошро барои шаҳрвандони 67 давлати дунё дар ин кишвар бекор мекунад.

Хадамоти сабти давлатии Қирғизистон гуфтааст, 11 ноябри соли равон ба ҳукумат лоиҳаи қарореро пешниҳод кардааст, ки ба шаҳрвандони 67 давлат иҷозат медиҳад, 30 рӯз бидуни қайд дар ин кишвар ҳузур дошта бошанд. "Интизор меравад, ҳукумат рӯзҳои наздик лоиҳаро қабул кунад", - афзудааст хадамоти матбуотии ин ниҳод.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, Камчибек Акишев, муовини раиси Хадамоти сабти давлатии Қирғизистон зимни ҷаласаи Кумитаи умури байналмилалӣ, дифоъ ва амнияти порлумони кишвараш гуфтааст, "лоиҳа давоми як ҳафта қабул хоҳад шуд".

Ёдрас мешавем, сар аз 4 ноябри соли равон ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд бештар аз 5 рӯз дар Қирғизистон ба сар баранд, бояд аз қайд гузаранд. Дар сурати иҷро накардани ин талабот 10 ҳазор сом (ҳудуди 1000 сомонӣ) ҷарима хоҳанд шуд.

Шаҳрвандони хориҷиро бахшҳои минтақавии Раёсати қайди аҳолӣ ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандии назди хадамоти мазкур бо назардошти маҳалли зист ба қайд хоҳанд гирифт.

XS
SM
MD
LG