Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВАО-и Ғарб: пирӯзии Додон дар Молдова барои ИА "бонги хатар" аст


Пирӯзии номзади ҷонибдори Русия дар интихоботи президентии Молдова барои Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар пешорӯи мақсадҳои ғасбгаронаи Москва "бонги хатар" аст, навиштааст "Роминия Либерэ", нашрияи Руминия.

Ба навиштаи "Роминия Либерэ", шаҳрвандони Молдова тасмим гирифтанд, суръати ислоҳотеро, ки дар самти наздикшавӣ бо Иттиҳоди Аврупо тайи солҳои ахир пеш гирифта шуда буд, каме кунд намоянд.

Рӯзномаи бритониёии "Дейли Мейл" зикр кардааст, ки ваъдаи Игор Додан барои рушди равобити бештар бо Русия нисбат ба ИА, бо сиёсати аврупогарои ҳукумати кунунии Молдова "мухолифати мустақим" дорад.

Нашрияи фаронсавии "Монд" менависад, Москва, ки тайи солҳои ахир барои нигаҳ доштани нуфузаш дар Приднестров, минтақаи ҷудоихоҳи Молдова нерӯи зиёде харҷ кардааст, ҳоло мехоҳад ин гуна таъсирро ба кулли ин кишвар бидуни сарфи манобеи изофӣ расонад.

13 ноябри соли равон дар Молдова интихоботи президентӣ баргузор шуд, ки дар он сотсиалист Игор Додон ба рақибаш Майя Санду, номзади либералҳо пирӯз эълон гардид. Дар интихобот 53 дарсади интихобкунандагон, беш аз 1,5 миллион нафар иштирок карданд. Ҳузури рекордиро шаҳрвандони муқими кишварҳои хориҷи Молдова нишон доданд, ки шуморашон ба 130 ҳазор мерасад.

XS
SM
MD
LG