Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI фаъолони боздоштшударо маҳбусони сиёсӣ хонд


Созмони байналмилалии ҳуқуқи инсон Amnesty International Макс Бокаев ва Талгат Аян, фаъолони боздоштшударо дар Атирауи Қазоқистон маҳбусони сиёсӣ хондааст. Парвандаи Макс Бокаев ва Талгат Аянро додгоҳи Атирау бо айби ташкили тазоҳуроти ғайриқонунӣ, паҳни иттилои бардурӯғ ва барангехтани адоват баррасӣ дошта, ба онҳо то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Ҳар дуи фаъолон баъди тазоҳуроти дастҷамъии 24 апрел зидди ислоҳоти замин дар Атирау боздошт шудаанд.

Amnesty International дар изҳороти худ гуфтааст, мурофиаи додгоҳии фаъолон бо нақзи уҳдадориҳои байналмилалии ҳукумати Қазоқистон баргузор мешавад. Ин созмони ҳуқуқи инсон парвандаи Бокаев ва Аянро сиёсӣ хонда, гуфтааст, онҳо маҳбусони сиёсианд, ки маҳз барои истифодаи ҳуқуқи озодии баёну озодии ҷамъомадҳо дастгир шудаанд.

Amnesty International афзудааст, ки наздикону пайвандони Макс Бокаев ва Талгат Аян аз шароити нигаҳдории онҳо дар зиндон ва бад шудани вазъи саломатияшон нигаронанд. Созмон ҳамчунин таҷрибаи таъқиби ҷонибдорони Бокаев ва Аянро, ки ба ҳимояти фаъолон тазоҳурот карда буданд, интиқод кардааст.

XS
SM
MD
LG