Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори Аҳлиддин аз ҷанги Сурия


Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро, ки ба иддаои худаш "баъди дидани манзараи қатл" аз тарс аз майдонҳои ҷанги Сурия фирор кардааст, ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Сайфиддин Муҳиддинзода – ноиби раиси додгоҳи Хатлон – рӯзи 13 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Аҳлиддин Усмонови 26-сола мӯҳлати адои ҷазояшро дар зиндони низомаш сангини шаҳри Қӯрғонтеппа паси сар мекунад.

Ҳафтаи гузашта дар ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳаи ҳукумати Хатлон гуфта шуд, ки феълан дар Сурия 210 сокини ин минтақа қарор доранд ва дар миёнашон занону кӯдакон низ ҳастанд.

Муҳиддинзода, ки ҳамзамон баррасии парвандаи Аҳлиддинро бар ӯҳда дошт, гуфт, ин сокини Ҷалолиддини Балхӣ моҳи июли имсол баъди фирор аз Сурия худро то Туркия ва аз онҷо ба Маскаву сипас Душанбе расондааст. Аммо ҷузъиёти чӣ гуна то марзҳои Туркия расидани ӯ маълум нест ва гуфта нашудааст, ки оё шиносномаи ӯ дар дасташ буд, ё ҳуҷҷати дигар дошт?

Мақомоти додгоҳ низ аз баёни тафсилот дар ин замина худдорӣ карда ва танҳо гуфтанд, бар асоси нақли Аҳлиддин гӯё ӯ ҳудуди як ҳафта дар сафи ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" будааст. Муовини раиси додгоҳи Хатлон гуфт, "Аҳлиддинро моҳи август дар фурудгоҳи Душанбе боздошт карданд ва ӯ бар асоси моддаи "ҷалб, таълим, маблағгузорӣ ё таъминоти дигари модии зархаридон" маҳкум гардид. Вай нақл кард, ки аз тарс худро аз ҷанг берун кашидааст. Агар бо хоҳиши худ, яъне сидқан бармегашт, воқеан, пушаймон мешуд, афв мегардид. Вале ӯ фақат аз тарс баргаштам гуфт."

Ба қавли Сайфиддин Муҳиддинзода, Аҳлиддин Усмонов соли 2014 барои таҳсил дар мадрасаи "Билоли Ҳабашӣ" дар Туркия рафта, баъдан ба Сурия гузаштааст. Ӯ гуфт, барои рафтани Аҳлиддин Усмонов ба Сурия як сокини ноҳияи Панҷ бо лақаби "Муслим" саҳм дорад, вале барои мақомот ному насаби расмии ӯ маълум набудааст.

Мақомоти додгоҳи Хатлон мегӯянд, ҳукми Аҳлиддин тоза содир шуда, ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст ва наздикону вакили дифоаш метавонанд, барои бозбинии он муроҷиат кунанд. Аммо вакили дифоъ Аҳлиддин Гулов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нафари таҳти ҳимояташ ҳукмро пазируфтааст.

"Дар сӯҳбат гуфт, ки дар онҷо даҳшатро дидааст. Вале азбаски барои бозгашт муроҷиат накардааст ва воқеан пушаймон будани худро дар аввал иброз надоштааст, барои ҳамин ба афв шомил нашуд", – афзуд ӯ. Вакили дифоъ гуфт, бино ба нақли нафари таҳти ҳимяоташ ӯ дар майдонҳои ҷанги Сурия теъдоде аз ҷавонҳои тоҷику қазоқ ва русро дидааст.

Ҳафтаи гузашта дар ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳаи ҳукумати вилояти Хатлон гуфта шуд, ки феълан дар Сурия 210 сокини ин минтақа қарор доранд ва дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд. Онҳо гуфтанд, ки то кунун ҳудуди 20 сокини Хатлон аз марзи Туркия ва Сурия бо ибрози пушаймонӣ баргашта ва афв шудаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар маҷмӯъ аз Тоҷикистон 1100 нафар ба ҷангҳои Сурияву Ироқ барои пуштибонӣ аз ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” рафта, марги беш аз 300 нафари онҳо тасдиқ шудааст. Мақомот мегӯянд, 90 дар сади онҳое, ки ба ҷангҳои Сурия мераванд, аз муҳоҷирати корӣ дар Русия бо мусоидати гурӯҳҳои таблиғгар ба Туркия ва баъдан ба Сурия роҳ меёбанд. Тоҷикистон гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ"-ро як созмони террористӣ ва мамнӯъ эълон кардааст.

Бархе коршиносон бо нигоҳи интиқодӣ ба методҳои мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, аксар ҷавонҳои барои ифротгароӣ маҳкумшуда бо сабаби дониши пасти диниву дунявӣ, набуди машғулият ва ҷойи кор гумроҳи афрод ва гурӯҳҳои ситезаҷӯ мешаванд. Дар бисёр ҳолатҳо, ба қавли онҳо, тасмими ба мӯҳлати тӯлонии зиндон маҳкум кардани онҳо дар асл мушкили ифротгароиро "табобат" намекунад, балки натиҷаи баръакс ба бор оварданаш аз эҳтимол дур нест.

XS
SM
MD
LG