Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши Багром ҷони 4 нафарро гирифт


Гурӯҳи Толибон масъулияти таркиши маргбор дар майдони ҳавоии Багром, дар шимоли шаҳри Кобулро бар дӯш гирифтааст. НАТО бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, дар ҳамлаи 12 ноябр чор нафар ҷон бохта, дастикам чордаҳ тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Шахсияти кушташудаҳо ҳанӯз мушаххас нест. Дар баёнияи НАТО гуфта мешавад, таркиш соати панҷуними субҳи шанбе рух додааст. Майдони ҳавоии Багром яке аз марказҳои умдаи низомиёни амрикоӣ ва НАТО дар шимоли пойтахти Афғонистон аст, ки чораҳои ҷиддии амниятӣ дар онҷо вуҷуд дорад. Абдушакур Фидоӣ, вулусволи Багром, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то кунун чигунагии инфиҷор маълум нест, вале баррасиҳо дар ин замина ҷараён дорад. Багром дар гузашта низ чанд бор мавриди ҳамлаи Толибон қарор гирифта буд. Дар моҳи декабри соли гузашта як узви маргталаби Толибон савори мототсикл шаш сарбози Амрикоро дар наздикии майдони ҳавоӣ кушт.

XS
SM
MD
LG