Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия: Шӯришгарон дар Ҳалаб аз силоҳи кимиёвӣ истифода карданд


Низомиёни Русия мегӯянд, онҳо шаҳодате доранд, ки шӯришгарон дар Ҳалаб аз силоҳи кимиёвӣ истифода мекунанд.

"Мутахасисони вазорати дифои Русия тири нотаркидаи тӯпро ошкор карданд, ки моли террористҳо буд ва дар таркибаш маводи заҳрогин дошт"- гуфтаанд низомиёни рус дар як изҳорот, ки рӯзи 11 ноябр пахш шуд.

Мутахасисони рус дар ин изҳорот гуфтаанд, заҳре, ки дар таркиби силоҳи шӯришгарон ошкор шудааст, эҳтимолан гази хлор ва фосфори сафед аст.

Истифодаи хлор ҳамчун силоҳ бар пояи Конвентсия Силоҳи Ҳаставӣ мамнӯъ аст ва Сурия соли 2013 бо фишори шарикаш Русия ба ин қарордод ҳамроҳ шуд.

Вазорати дифои Русия мегӯяд, ки таҳлилу таҳқиқҳои амиқтар дар як озмоишгоҳи низомии Русия анҷом хоҳад шуд.

Моҳи гузашта Созмони Манъи Силоҳи Ҳастаӣ ба ин натиҷа расид, ки нерӯҳои ҳукумати Сурия дар соли 2014-2015 гази хлорро дар се ҳамла ба рӯстоҳо истифода кардаанд.

Аммо Русия хулосаи ин созмонро "ғайри қобили эътимод" хонд ва гуфт, ки набояд дар ин замина алайҳи Сурия таҳрим ҷорӣ шавад.

XS
SM
MD
LG