Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се ҳазор ҷангӣ аз Осиёи Марказӣ дар Ховари Миёна


Шумораи ҷангиён аз кишварҳои Осиёи Миёна дар манотиқи ноороми Ховари Миёна, баробар бо шумораи ҷанҷӯёни кишварҳои Аврупо дар ин ҷангҳо будааст. Ин матлабро Петер Буриан, намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Миёна зимни нишасти минтақавии "Ҷилавгирӣ аз хушунати терроризм дар Осиё Марказӣ", ки дар Қирғиистон баргузор шуд, баён кардааст.

Ба гуфтаи ин масъули Иттиҳодияи Аврупо, шумораи зиёди ин ҷангиён ба Ховари Миёна мустақиман аз Осиёи Миёна наомада ва аз муҳоҷират дар Русия --- ҷое, ки майдони фаъолияти гурӯҳҳои исломӣ мебошад, ба майдонҳои ҷанг сафарбар карда шудаанд.

Вай мегӯяд, ки "тибқи шунидаи мо, шумораи ҷангиён аз ин минтақа аз 2 то 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Ин шумораи зиёд аст ва ба теъдоди ҷангиён аз Аврупо, баробар мебошад. Талош бояд кард, то ин шумора афзоиш наёбад",- афзудааст ҷаноби Петер Бурин.

Фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки бо ин падидаҳо бояд муборизаи муштарак бурд. Вай гуфт, ки "вақтҳои ахир мо мушоҳида мекунем, ки шумораи ҳамлаҳо дар минтақа афзоиш ёфтааст. Мо аз шариконам дар Қирғизистон ва дигар кишварҳои минтақа мехоҳем, ки дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳо гуфтугӯ кунем, то на танҳо бо оқибатҳои ифротгароӣ, балки барои ҷилавгирӣ аз он, муқобила кунем."

Ин дар ҳолест, ки қаблан вазорати умури дохилии Қирғизистон аз ҳузури беш аз 500 ҷангӣ аз он кишвар дар сафҳои "Давлати исломӣ" хабар дода буд. Ба гуфтаи ин манбаъ, аксари ин афрод пайравони гурӯҳи "Ҳизб-ут-Таҳрир" мебошанд. Ин гурӯҳ дар Қирғизистон ва дигар кишварҳои минтақа ҳамчун созмони террористӣ, шинохта шудааст.

XS
SM
MD
LG