Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рутбаи генералӣ ба 4 масъули ВКД-и Тоҷикистон


Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи милиса ба чаҳор масъули вазорати умури дохилии Тоҷикистон унвони генерал майор додааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, бо фармони Эмомаль Раҳмон ба Назарзода Қудратулло Бобо, сардори раёсати кофтукоби ҷиноӣ, Шарифзода Файзулло Раҳмоналӣ, сардори Академияи ВКД, Қунғуротзода Фотеҳ, сардори раёсати умури дохилии Душанбе ва Мирализода Рустам Азиз намояндаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар Маркази минтақавии иттилоотӣ-ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ, унвони генерал-майори милиса дода шуд.

Рӯзи 10 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи милиса шинохта шудааст ва Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз, дар кӯчаи Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе бинои баландошёнаи истиқоматиро барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ба истифода дод. Қарор аст, ки имрӯз дар "Кохи Ваҳдат"-и Душанбе ба муносибати Рӯзи милиса, маросими бошукӯҳ, баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG