Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Немтсовро аз мошини ноиби раиси Шӯрои Доғистон думбол мекарданд


Автомашинаи тамғаи ZAZ Chance, ки қотилони Борис Немтсов, сиёсатмадори мухолифи Кремлинро аз дохили мошин думбол мекарданд ё мепоиданд, ба номи ноиби ноиби раҳбари Шӯрои мардумии Доғистон Ҳоҷимурод Алиев сабт шудааст. Ин ҷузъиёт рӯзи чаҳоршанбеи 9 ноябр дар ҷараёни баррасии парвандаи ҷиноӣ маълум шуд, ки дар додгоҳи музофотии Маскав ҷараён дорад.

Ҳангоми сабти номи ин мошин дар соли 2014, Заур Дадаев, яке аз муттаҳамони қатли Немтсов нусхаи паспорти Ҳоҷимурод Алиевро ба салони мошинфурӯшӣ пешниҳод карда гуфтааст, ки гӯё Алиев бародараш аст. Аммо ин мақомдори доғистонӣ мегӯяд, ки ҳеҷ як аз гумонбаршудаҳои кушторро намешиносад. Ҳоҷимурод Алиев ҳамчунин намедонад, ки чӣ тавр нусхаи шиносномааш ба дасти гумонбаршудаҳо афтодааст. Алиев гуфтааст, имзое, ки дар созишномаи харидории мошин гузоштаанд, имзои ӯ нест. Коршиносони Хадамоти федеролии Русия низ инро тасдиқ карданд.

Борис Немтсов шаби 28 феврали соли 2015 ба қатл расид. Аз рӯи парвандаи куштор Заур Дадаев, Шадид ва Анзор Губашевҳо, Темирлан Аксархонов ва Ҳамзат Бахаев боздошт шудаанд. Тафтишот Руслан Муҳиддинов, афсари собиқи гурӯҳи "Север"-и вазорати дохилии Чеченистонро иҷрогар ва "афроди номаълум"-ро фармоишгари куштори Немтсов меномад.

XS
SM
MD
LG