Шарбат Гул, зани афғоне, ки чопи акси ӯ дар 12-солагӣ рӯйи маҷаллаи National Geographic ба як намоди мондагор мубаддал шуда ва ӯро ба шӯҳрат расонда буд, баъди тақрибан ду ҳафтаи боздошт бо се духтару як писари хурдсолаш субҳи чоршанбе аз Пешовар ба Афғонистон бармегардад. Ин хабарро Ҳоҷӣ Шамшодхон – бародари шавҳари Шарбат Гул – дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард ва гуфт, аснод барои бозгашти онҳо такмил шудааст.
Ба хотири бозгашти Шарбат Гул ва хонаводааш як маросим дар Афғонистон дар назар гирифта шудааст, ки дар он раиси ҷумҳури он кишвар Ашраф Ғанӣ ҳам иштирок мекунад.
Дар аввал гуфта мешуд, ки Шарбат Гул рӯзи 7 ноябр ба Афғонистон меравад, вале ба сабаби беморӣ пулиси Покистон ҳузури вайро то рӯзи чоршанбе дар яке аз шифохонаҳои Пешовар тамдид кардааст.
Ҳоҷӣ Шамшодхон гуфт, то ин дам ӯву хонаводааш масъулияти сарпарастии Шарбат Гул ва фарзандони вайро ба ӯҳда доштанд. “Моҳе 200 доллар аз тарафи Раҳимуллоҳ Юсуфзай барои Шарбат Гул фиристода мешуд ва харҷҳои дигарро худам аз дӯконе, ки дорам, ба даст меовардам. Масъулияти сарпарастии Шарбат Гул ва фарзандони ӯро ману хонаводаам бар ӯҳда доштем. Зиндагӣ ба ҳар гунае ки буд, сипарӣ мешуд”, - афзуд ӯ. Ҳоҷӣ Шамшодхон гуфт, қазияи боздошти Шарбат Гул, ки ӯро дубора маъруф кардааст ва баъди чандин соли зиндагӣ дар ғурбат ба ватанаш бармегардад, эҳтимол ба сарпарасте ниёз нахоҳад дошт.
Навори видео инҷост:
Ба хотири бозгашти Шарбат Гул ва хонаводааш як маросим дар Афғонистон дар назар гирифта шудааст, ки дар он раиси ҷумҳури он кишвар Ашраф Ғанӣ ҳам иштирок мекунад. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, барои иқомати Шарбат Гул ва хонаводааш дар Кобул як ҳавлӣ ҳам хоҳанд дод.
Шарбат Гул тақрибан ду ҳафта пеш бо иттиҳоми тақаллуби санадҳо дар Покистон боздошт шуд. Як сухангӯи ин идора гуфта буд, дар талоши боздошти се корманди Идораи сабти асноди шаҳрвандони ин кишвар ҳастанд, ки барои Шарбат Гул санадҳои қалбакӣ додаанд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ин зан дар моҳи апрели соли равон бо номи Шарбат Бибӣ дар шаҳри Пешовар дархости санади шиносоии покистонӣ карда буд.
Дар аксе, ки рӯи санади шиносоии қалбакии ӯ қарор дорад, метавон ҳамон чашмони сабзранги Шарбат Гулро дид. Ҳамон чашмони сабзранге, ки дар акси Стив МакКарри рӯи маҷаллаи National Geographic тасвир ёфта буд. Ҳарчанд ҳоло каме пиртар ба назар мерасад. Акси аслӣ соли 1984 дар урдугоҳи паноҳандагон дар шимолу ғарби шаҳри Пешовар ва дар замони ишғоли Афғонистон аз сӯи Иттиҳоди Шӯравӣ гирифта шуд.
Аз соли 1979 ва ишғоли Афғонистон аз сӯи артиши Шӯравӣ, хоки Покистон ба муддати чиҳил сол паноҳгоҳи нисбатан амне барои миллионҳо муҳоҷирони афғон будааст. Тибқи оморҳои Созмони Милали Муттаҳид, ҳудуди чаҳор миллион афғон дар Покистон сабти ном шудаанд ва ин кишвар аз назари қабули паноҳҷӯён дар сатҳи ҷаҳон дар рутбаи саввум қарор дорад. Ба тахмини СММ, ҳудуди як миллион муҳоҷири дигари афғон бидуни иҷозаи иқомат дар Покистон зиндагӣ мекунанд.
Ҳукумати Покистон аз соли 2009 мӯҳлати таъиншуда барои бозгашти афғонҳо ба кишварашонро борҳо ба таъхир андохтааст, вале ин нигарониҳо вуҷуд дорад, ки Покистон баъд аз моҳи марти соли 2017, ҳузури муҳоҷирони афғонро дигар таҳаммул нахоҳад кард.
Абдунабӣ Сатторзода, донишманди сермаҳсул, инсони комил ва хирадманд, шахси хоксор ва баобруйро бо зӯдрӯзашон табрик мекунам. Орзумандам,ки на танҳо саломатии ҷисмонӣ, боз инчунин саломатии фитрияшон ҳамеша мисли ҳозир пойдор бошанд, умри бобаракаташон ҳамеша дар иҳотаи аҳли илму адаб гузарад ва осори заҳмати зиёда аз нимасриашон ва баъдина эҷод мекардаашон ба асрҳо дастрас ва манбаъи омӯзиши толибилмон боқӣ монад.
Ин амали куҳна ҳаст дар ҳукумати амрико дар оғози кор трамп ҳам мушукҳои (тамагафка) партоб карда буд ба Сурия як пойгоҳи низоми. Ин амалҳоро вақташон гузашт. Қудрати инҳоро мо бо Толибон дидем 20сол натиҷа Қатар Доха.
Ба шумо барори кор мехохем ва осмони софу бехубор.зинда бошед курбони Алимардон
Ин мардуми киргиз тамоман рохгум задааст!!!
Ба гайр аз Хитой дигар давлата нестми конро кобад ин Хитой хамачоя сохиб шудайку.