Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев бо Абэ ҳамкории Ҷопону Қазоқистонро баррасӣ карданд


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ ҳамкориҳои сиёсю тиҷорӣ ва иқтисодии ду кишварро баррасӣ карданд.

Дар доираи сафари расмии Назарбоев ба Ҷопон чанд ҳуҷҷат, аз ҷумла изҳороти муштарак "дар бораи шарикии вижаи стратегӣ" миёни Қазоқистону Ҷопон, ёддошти ҳамдигарфаҳмӣ миёни вазорати сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон ва вазорати замин, зерсохтор, варзиш ва сайёҳии Ҷопон имзо шудааст.

Зимни ин сафар императори Ҷопон Акихито низ Назарбоевро ба ҳузур пазируфтааст. Интизор меравад, фардо Назарбоев аз Хиросима дидан кунад.

XS
SM
MD
LG