Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари расмии намояндаи махсуси ИА ба Қирғизистон


Петер Буриан, намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Осиёи Марказӣ (ОМ) барои анҷоми як сафари расмӣ вориди Қирғизистон шуд. Хадамоти матбуотии намояндагии ИА дар Қирғизистон гуфтааст, ки сафари Буриан аз 8 то 12 ноябр идома мекунад.

Намояндаи махсуси ИА зимни ин сафараш дар конфронси минтақавии "Пешгирии ифротгароӣ дар ОМ - хатарҳо ва вокунишҳо дар сатҳи ҷомеа", ки рӯзҳои 10-12 ноябр дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.

Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯби созишномае баргузор мешавад, ки дар ҳошияи Муколамаи сатҳи баланди сиёсию амниятии ОМ-у ИА дар моҳи майи соли равон ва мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ОМ ва ИА дар моҳи октябри соли 2016 ба миён омадааст.

Петер Буриан ҳамчунин бо аъзои ҳукумат, вакилони порлумон ва намояндагони ҷомеаи мадании Қирғизистон мулоқот ва масоили марбут ба имкониятҳои рушди ҳамкориҳи ИА бо ин кишварро баррасӣ хоҳад кард. Ҳамчунин раъйпурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосии Қирғизистон низ ба баҳс кашида мешавад.

Намояндаи ИА 8 ноябр аз шаҳри Ӯш боздид ва дар давраи омӯзишие, ки барои кормандони марказҳои маҳаллӣ дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ташкил мешавад, иштирок хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG