Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ масъулияти таркиши Диёрбоқирро ба ӯҳда гирифт


Гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти таркиши маргбор дар шаҳри Диёрбоқири Туркияро бар ӯҳда гирифтааст. Рӯзи ҷумъа дар Диёрбоқир, воқеъ дар ҷануби шарқи Туркия, бар асари таркиш 9 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар маҷруҳ шуданд. Қаблан нахуствазири Туркия Биналӣ Йилдирим гуфта буд, дар ин ҳодиса гумонбари амали террористӣ, як узви Ҳизби коргарии Курдистон, ҳалок шудааст. Бино ба гуфтаи мақомот мошини ҳомили бомбаро ҳамлагари интиҳорӣ мунфаҷир кардааст.

Пеш аз ин, шаби 3 ба 4 ноябр мақомоти Туркия 11 намояндаи порлумон аз Ҳизби демократии мардумӣ, бо шумули ду ҳамраиси он, Салоҳиддин Демиртош ва Фиғон Юксекдагро, ки тарафдори курдҳо гуфта мешаванд, боздошт карданд. Ба маълумоти матбуоти Туркия, сиёсатмадорони мухолиф дар чаҳорчӯби таҳқиқи парвандаи марбут ба таблиғи терроризм боздошт шудаанд. Мақомоти Туркия ҳизби мухолифини курдгароро ба доштани робита бо Ҳизби коргарии Курдистон муттаҳам мекунанд.

Диёрбоқир, яке аз шаҳрҳои бузурги курднишин, дар наздикии сарҳади Сурия ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG