Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Регистон"-и Шаҳзода нашр шуд


Шаҳзодаи Самарқандӣ
Шаҳзодаи Самарқандӣ

Романи нави Шаҳзодаи Самарқандӣ (Шаҳзода Назарова) – рӯзноманигор ва адиби шинохтаи тоҷики муқими Ҳолланд – бо номи "Регистон" чоп шуд. Шаҳзода рӯзи 5 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин китоб дар бораи тобистоне қисса мекунад, ки Шӯравии собиқ фурӯ пошид ва он вақт тоҷикони Самарқанд дар чӣ ҳол буданд.

Ӯ гуфт, ин достони таърихӣ нест ва фазои сиёсиву иҷтимоӣ дар доираи робитаи ошиқонаи як духтари самарқандӣ бо устод ва дӯсти дигараш баён шудааст. "Як достони ошиқонаи сегона ҳаст. Дар ин асар тасвир шудааст, ки инҳо дар фазои пулисиву амниятии Шӯравӣ чигуна ба якдигар кумак мекунанд, чигуна талош мекунанд, ки мушкилоти якдигарро бартараф намоянд", - афзуд Шаҳзодаи Самарқандӣ.

Ин китоб ҳоло бо хатти форсӣ нашр шуда, ба қавли Шаҳзода, нусхаи он бо кириллӣ низ ба зудӣ дастраси хонандаҳо хоҳад шуд. Аз ин пеш Шаҳзода романи "Синдроми Стокҳолм" ва "Замини модарон"-ро ба ҳуруфи кириллӣ ва форсӣ нашр карда буд. Вай фориғуттаҳсили бахши забону суханшиносии тоҷикии Донишгоҳи Самарқанд буда, дар риштаи филмсозӣ дар Лондон чанд давраи омӯзишро гузаштааст. Шаҳзода дар филми сохтаи Меҳдии Ҷомӣ бо номи "Чархофалак" ба унвони ровӣ ҳузур дорад.

XS
SM
MD
LG