Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар порлумони Қирғизистон эътилофи нав ташкил шуд


Дар порлумони Қирғизистон эътилофи нав ташкил шуд, ки Ҳизби сотсиал-демократӣ, "Қирғизистон" ва "Бир-Бол"-ро дар бар мегирад. Эътилоф Сооронбек Жээнбекро ба ҳайси сарвазири ин кишвар пешбарӣ кардааст. Дар ҳоли ҳозир вай иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳукумат аст. Ахиран дар байи баҳсҳои порлумонӣ ҳизби сотсиал-демократӣ аз эътилофи пешин хориҷ шуд ва ҳукумати Қирғизистон ба истеъфо рафт. Он замон Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон иҷозат дод, ки ҳизби сотсиал-демократӣ эътилофи нав ташкил кунад.

XS
SM
MD
LG