Дафтари созмони Amnesty International ваё Афви байнулмилал дар пойтахти Русия баста шудааст. Сергей Никитин, раҳбари дафтари ин созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Русия дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ навишт, ки вай ва ҳамкоронаш рӯзи 2 ноябр натавонистанд вориди дафтари кории худ шаванд, зеро дарвозаи аслии бино шикаста шуда буд ва қуфлҳои дарвозаҳои дигар иваз карда шуда буданд.
Масъули матбуотии Amnesty International дар Русия барои Европа ва Осиёи Миёна Александер Артемев дар сӯҳбат ба бахши русии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дафтари ин созмон соати 10-и, вақте кори оғоз мешуд, муҳр зада шуд ва ҳама асноду ва васоили онҳо дар дохил мондааст.
Созмонҳои ҳуқуқи башар дар Русия, ки кӯмакҳои хориҷӣ дарёфт мекунанд, солҳои ахир таҳти фишори ҳукумати Маскав қарор доранд. Дар соли 2012 Русия қонунеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он ташкилотҳои ғайриҳукуматие, ки аз хориҷ кӯмак дарёфт мекунанд ва ба фаъолиятҳои сиёсӣ мепардозанд, ҳамчун "ҷосуси хориҷӣ" шинохта мешаванд.
Созмонҳои ҳуқуқи башар дар Русия ва хориҷ он замон гуфтанд, ки ин қонун ба ҳадафи хомуш сохтани садои озодандешон, тасвиб шудааст.