Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз роҳхат ба қаҳрамонии Осиё - 2017 маҳрум шуд


Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19) дар дувумин бозиаш дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола дар гурӯҳи “В” аз тими Тайван бо ҳисоби 2:5 шикаст хӯрд. Ин бозӣ рӯзи 29 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.

баъди даври дувум дар ҷадвали мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “В” дастаҳои Тайван ва Узбакистон бо 6-имтиёзӣ пешсафанд.

​Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Шукронаи Ҷумъахон (дақиқаи 38-ум) ва Гулсунбӣ Халилова (81) ба ҳадаф расонданд. Голҳои меҳмононро Каи-Ҷоу Лианг (16), Вен Чиеҳ Ю (55), Пеи-Ю Тсаи (62), Йинг-Ҳуи Чен (72) ва Ли-Пинг Зуо (90+4) заданд.

Дар бозии дигари даври дувуми мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “В” 29-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мунтахаби Узбакистон дастаи Ҳонконгро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Ду тӯбро Шаҳноза Қурбонова (дақиқаҳои 78-ум ва 79-ум) ва яктоашро Фирӯза Бобохӯҷаева (53) ба дарвозаи мунтахаби Ҳонконг ворид намуданд.

Ба ин тартиб, баъди даври дувум дар ҷадвали мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “В” дастаҳои Тайван ва Узбакистон бо 6-имтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тайван дар мақоми аввал ва Узбакистон дар мақоми дувум қарор доранд. Дар бозии даври ниҳоӣ миёни ин ду даста, ки 31-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир хоҳад шуд, тақдири роҳхати ягона ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола ҳал мешавад.

Тими духтарони футболбози то 19-солаи Тоҷикистон
Тими духтарони футболбози то 19-солаи Тоҷикистон

Вале дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҳонконг, ки имтиёз ба даст наовардаанд, сарфи назар аз натиҷаи бозии охирин миёни ҳарду аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум шуданд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-19) дар нахустин бозиаш дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола дар гурӯҳи “В” аз тими Узбакистон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда буд. Ин бозӣ 27-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд. Голҳои мунтахаби Узбакистонро Шаҳноза Қурбонова (дақиқаи 23-юм), Шоира Қултӯраева (67) ва Малика Бурҳонова (71) ба ҳадаф расонданд.

Дар бозии дигари даври аввали мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “В” мунтахаби Тайван дастаи Ҳонконгро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Ду голро Ю-Ҷиеҳ Лан (дақиқаҳои 74-ум ва 78-ум) ва як голро Йинг-Ҳуи Чен (76) ба дарвозаи мунтахаби Ҳонконг заданд.

Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2017 миёни духтарони то 19-сола. Гурӯҳи «В»:

Даври 1-ум
27 октябр (панҷшанбе)

Тайван – Ҳонконг – 3:0
Узбакистон – Тоҷикистон – 3:0

Даври 2-юм
29 октябр (шанбе)

Ҳонконг – Узбакистон – 0:3
17:00 – Тоҷикистон – Тайван – 2:5

Даври 3-юм
31 октябр (душанбе)

14:00 – Узбакистон – Тайван
17:00 – Ҳонконг – Тоҷикистон

XS
SM
MD
LG