Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) Тоҷикистонро макони баргузории сабқати минтақавии қаҳрамонии Осиё-2016 миёни духтарони то 14-сола тасдиқ кард.
Барои мизбонии сабқати қаҳрамонии Осиё-2016 миёни духтарони то 14-сола дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, ҳамчунин Бангладеш, Қирғизистон, Непал ва Шри-Ланка довталаб буданд.
Сабқати қаҳрамонии Осиё аз 18 апрел то 1 майи соли оянда баргузор мешавад. Бозиҳо дар майдонҳои варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе ва Академияи бошгоҳи футболи «Истиқлол» дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор барпо мегарданд.
Дар ин мусобиқа ширкати нӯҳ дастаи мунтахаби духтарона аз Бангладеш, Бутан, Қирғизистон, Молдив, Непал, Тоҷикистон, Шри-Ланка, Ҳиндустон ва Эрон дар назар аст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Тоҷикистон, инчунин дар доираи сабқати минтақавии қаҳрамонии Осиё-2016 миёни духтарони то 14-сола давраи бозомӯзии доварони ҷавон доир хоҳад шуд.
Ба ҷуз сабқати духтарон, дар Тоҷикистон аз 18 то 31 майи соли оянда Фестивал ё Ҷашнвораи минтақавии футболи AFC барои писарони то14-сола барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ барпо мегардад.