Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мизбонон дар даври 17-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон


Рӯзҳои 22-23 октябр бозиҳои даври ҳабдаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар ҳамаи бозиҳо мизбонон пирӯз шуданд.

Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор, ки дар майдони худ бар тими “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳисоби бузурги 4:0 ғалаба кард, барои ба даст овардани медалҳои нуқраи мусобиқаи лигаи олӣ боз як қадам ба пеш гузошт. Голҳоро дар нимаи дувуми бозӣ Наврӯз Рустамов, Ҳасан Рустамов, Комил Саидов ва Хайрулло Азизов ба ҳадаф расонданд.

Дар бозии дигари даври ҳабдаҳуми мусобиқа дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бар тими меҳмон - ССКА «Помир»-и Душанбе – бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ду голи Дилшод Бозоров дар нимаи аввали дидор ба “Хуҷанд” се имтиёз овард. Голи меҳмононро Вайсиддин Сафаров ду дақиқа пеш аз анҷоми бозӣ ба самар расонд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода низ дар майдони худ тими “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Ду голи мизбононро Комрон Турсунов ва Аҳтам Ҳамроқулов дар нимаи аввали бозӣ ба дарвозаи меҳмонон равон карданд. Инчунин як голро Хуршед Воҳидов, бозигари “Парвоз”, ба дарвозаи дастааш зад. Ҳарду голи меҳмононро Ғафур Мадаминов (дувумаш аз пеналтӣ) дар нимаи дувуми бозӣ ба самар расонд.

Бозии чаҳоруми даври ҳабдаҳум низ бо пирӯзии мизбонон хотима ёфт. Дастаи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро Парвиз Ҳомидов дар дақиқаи 66-ум зад.

Дар ҳамин ҳол “Истиқлол” бо 39 имтиёз дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Ба душанбегиҳо барои ба даст овардани медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду бозии боқимонда як имтиёз ба даст овардан кофист.

“Ҳосилот”, ки бо 34 имтиёз дар ҷойи дувум аст, барои медалҳои нуқра муддаии аслист. Дастаҳои “Регар-ТадАЗ”, “Барқчӣ”-и Душанбе ва ССКА “Помир” довталабони асосии медалҳои биринҷӣ мебошанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 17-ум

«Хуҷанд» – ССКА «Помир» – 2:1

Голҳо: Дилшод Бозоров, 27 (1:0). Дилшод Бозоров, 35 (2:0). Вайсиддин Сафаров, 88 (2:1).

Огоҳонида шуданд: Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»), Шодибек Ғаффоров, Парвиз Қашқаров, Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

22 октябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 600 тамошобин.

«Регар-ТадАЗ» – «Парвоз» – 3:2

Голҳо: Комрон Турсунов, 13 (1:0). Хуршед Воҳидов, 16 – ба дарвозаи худ (2:0). Аҳтам Ҳамроқулов, 24 (3:0). Ғафур Мадаминов, 57 (3:1). Ғафур Мадаминов, 87 – аз пеналтӣ (3:2).

Огоҳонида шуданд: Алишер Ҳайдаров («Парвоз»).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Ғафур Мадаминов («Парвоз»).

Сардовар: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа).

23 октябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «Металлург». 1500 тамошобин.

«Ҳосилот» – «Равшан» – 4:0

Голҳо: Наврӯз Рустамов, 50 (1:0). Ҳасан Рустамов, 72 (2:0). Комил Саидов, 82 (3:0). Хайрулло Азизов, 87 (4:0).

Огоҳонида шуданд: Сафаралӣ Каримов, Содиқ Мӯсо («Ҳосилот»).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Ҳасан Рустамов («Ҳосилот»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

23 октябр. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 6500 тамошобин.

«Хайр» – «Вахш» – 1:0

Гол: Парвиз Ҳомидов, 66.

Огоҳонида шуданд: Парвиз Ҳомидов, Менсаҳ Даниэл Абан, Мирзобек Мирзоев («Хайр»), Хайём Гургалиев («Вахш»).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

23 октябр. Ваҳдат. Варзишгоҳи «Хайр». 700 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Б Ғ М Б Т И

  1. “Истиқлол” 16 12 3 1 57-18 39
  2. “Ҳосилот” 16 10 4 2 35-13 34
  3. “Регар-ТадАЗ” 15 8 2 5 34-19 26
  4. ССКА “Помир” 16 7 3 6 21-14 24
  5. “Хайр” 16 6 5 5 22-23 23
  6. “Хуҷанд” 16 7 1 8 19-32 22
  7. “Барқчӣ” 13 6 2 5 20-18 20
  8. “Вахш” 16 5 3 8 19-32 18
  9. “Равшан” 15 2 3 10 15-40 9
  10. “Парвоз” 17 1 2 14 14-47 5

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 21 тӯб, Комил Саидов («Барқчӣ»/«Ҳосилот») – 12 тӯб, Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 9 тӯб, Агблей Ҷонес («Хайр») – 8 тӯб.

Даври 18-ум:

30 октябр (якшанбе)

ССКА «Помир» – «Регар-ТадАЗ»

«Вахш» – «Хуҷанд»

«Равшан» – «Хайр»

«Барқчӣ» – «Ҳосилот»

Оғози бозиҳо - соати 15:00

XS
SM
MD
LG