Сергей Иванов, раҳбари собиқи маъмурияти раиси ҷумҳури Русия хабарҳоро дар бораи таъсиси Вазорати амнияти давлатӣ рад кард. Ӯ дар сӯҳбат бо нашрияи "Коммерсант" гуфт, ки истихборот (разведка) бояд аз хадамоти зидди ҷосусӣ "контрразведка" ҷудо бошад. "Хадамоти амнияти федеролӣ ва Гвардияи миллӣ, сохторҳои мухталифи қудратӣ ҳастанд ва ҳар яке масъулияти худро дорад"-, гуфтааст Сергей Иванов.
Моҳи сентябр нашрияи "Коммерсант" хабар дод, ки Вазорати амнияти давлатӣ то интихоботи президентии Русия дар соли 2018 таъсис хоҳад ёфт. Ба сохтори нав, ба навиштаи "Коммерсант", Хадамоте федеролии амният, хадамоти иттиллоти хориҷӣ ва бахши умдаи зерсохторҳои амниятӣ шомил хоҳанд шуд. Ба маълумоти манбаи ин нашрия, ин вазорат ба таъмини амнияти худ дар тамоми ниҳодҳои қудратии дигар машғул мешавад. Кормандони ниҳоди эҳтимолӣ на танҳо барои бозҷӯии парвандаҳо боз шуда аз тарафи Кумитаи тафтишоти Вазорати дохилӣ ҳаққ пайдо мекунанд, балки равиши онҳоро низ таҳти назорат мегиранд- навишта буд "Коммерсант".
Сергей Иванов аз соли 2011 то соли 2016 раҳбари дастгоҳи раиси ҷумҳур буд. Иванов аз соли 2001 то 2007 дар мақоми Вазири дифои Русия фаъолият кардааст. Ӯ ҳоло дар масоили ҳифзи табиат, экология ва нақлиёт аз президент намояндагӣ мекунад.