Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудӣ: Ҳамлаи маргбори Санъо иштибоҳӣ буд


Эътироз дар Яман алайҳи ҳамлаи ҳавоӣ болои маросими ҷаноза дар Санъо
Эътироз дар Яман алайҳи ҳамлаи ҳавоӣ болои маросими ҷаноза дар Санъо

Эътилофи зери раҳбарии Арабистони Саудӣ гуфт, ки ҳамлаи ҳавоӣ болои маросими ҷаноза дар Яман дар рӯзи 8 октябр иштибоҳӣ сурат гирифтааст. Бино ба хабари оҷонсии Рейтер, низомиёни эътилоф ахбори нодуруст дарёфт карда ва фикр кардаанд, маҳалли ҳусиҳои мусаллаҳро ҳадаф қарор додаанд. Ҳамлаи ҳавоӣ болои маросими ҷаноза дар пойтахти Яман, шаҳри Санъо, беш аз 200 кушта ва беш аз 500 маҷруҳ боқӣ гузошт. Ин эътилоф қаблан бо изҳори таассуф аз бомбаборони маргбор дар Санъо гуфта буд, нерӯҳои эътилоф “дастури мушаххасе дар даст доранд, ки манотиқи аҳолинишин ва афроди мулкиро ҳадаф қарор надиҳанд”. Дар ҳамин ҳол, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳимояташро аз Эътилофи зери роҳбарии Арабистони Саудӣ ба қадри қобили мулоҳиза коҳиш хоҳад дод. Ин эътилоф, ки аз ҳукумати аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ эътирофшудаи Яман ҳимоят мекунад, моҳи марти соли 2015 амалиётро барои саркӯби шӯришиёни шиаи ҳусӣ шурӯъ кард.

XS
SM
MD
LG