Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза барои медалҳои қаҳрамонии футболи Тоҷикистон


Рӯзҳои 15-16 октябр бозиҳои даври шонздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешаванд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, боз як бозии даври шонздаҳум байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва “Барқчӣ”-и Душанбе бинобар ширкати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2016 дар Баҳрайн ба муҳлати дертар гузаронида шудааст.

Дар ҳамин ҳол “Истиқлол”-и Душанбе бо 36 имтиёз дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ садрнишин аст. Ба душанбегиҳо барои ба даст овардани медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар се бозии боқимонда ба даст овардани чаҳор имтиёз кофист.

“Истиқлол” бозии навбатиашро рӯзи шанбеи 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе муқобили «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода анҷом медиҳад.

“Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор, ки бо 28 имтиёз дар ҷойи дувум аст, барои медалҳои нуқра муддаии аслист. “Ҳосилот” дар даври шонздаҳум рӯзи якшанбеи 16 октябр дар меҳмонӣ бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа рақобат мекунад.

Се даста – “Регар-ТадАЗ”, ССКА “Помир” ва “Барқчӣ”, ки мутаносибан дар зинаҳои севум, чорум ва панҷуми ҷадвал ҷойгир шудаанд, барои медалҳои нуқраву биринҷӣ мубориза мебаранд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 16-ум

15 октябр (шанбе)

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

«Парвоз» – «Хуҷанд»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ»

16 октябр (якшанбе)

ССКА «Помир» – «Хайр»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ

«Вахш» – «Ҳосилот»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор»

Оғози бозиҳо – соати 15:30

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

15

11

3

1

54-17

36

2

«Ҳосилот» (Фархор)

14

8

4

2

28-13

28

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

13

7

2

4

30-14

23

4

ССКА «Помир» (Душанбе)

14

7

2

5

19-11

23

5

«Барқчӣ» (Душанбе)

13

6

2

5

20-18

20

6

«Хайр» (Ваҳдат)

14

5

4

5

20-22

19

7

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

14

5

3

7

19-28

18

8

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

14

5

1

8

13-31

16

9

«Равшан» (Кӯлоб)

14

2

3

9

15-36

9

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

15

1

2

12

12-40

5

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 20 тӯб, Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ»), Комил Саидов («Барқчӣ»/«Ҳосилот») – 9-тӯбӣ, Агблей Ҷонес («Хайр») – 8 тӯб, Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ») – 7 тӯб.

XS
SM
MD
LG