Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳа"-и додгоҳи олии Қирғизистон ба тағйири Қонуни асосӣ


Палатаи конститутсионии Додгоҳи олии Қирғизистон хулосаашро дар бораи лоиҳаи қонун дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ин кишвар шоми 11 октябр эълон кардааст. Бино ба хабарҳо, лоиҳаи мазкур аз се ҷанба - ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва маҳдудияти имконпазири онҳо, усули давлати дунявию ҳуқуқбунёд ва демократӣ, шеваи тағйири Конститутсия баррасӣ гардида, ҳеч мухолифат дар он пайдо нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки порлумони Қирғизистон 29 сентябри соли равон қонуни раъйпурсии тағйири Қонуни асосии ин кишвар тасвиб кард. Ба ҷонибдорӣ аз он 94 вакил раъй дода, 11 тани дигар зид баромаданд.

Лоиҳаи қонун, ки ташаббуси 90 вакили порлумон аст, ба баргузории райпурсии умумихалқӣ дар Қирғизистон ва қабули қарорҳои дахлдор иҷозат дода, саволҳои баргаи овоздиҳиро муайян мекунад. Дар лоиҳа санаи баргузории раъйпурсӣ 11 декабри соли 2016 таъйин шудааст.

Ин дар ҳолест, ки як қатор фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мухолифони Қирғизистон зидди тағйири Қонуни асосии кишвари худанд.

XS
SM
MD
LG