Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ голи Манучеҳр Ҷалилов ба дарвозаи “Парвоз”


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии мавқуфгузоштаи даври 18-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон тими “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби бузурги 8:2 шикаст дод.

Дар ин бозӣ, ки 10-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳамлагари “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов панҷ гол зад. Вай дар бозиҳои мусобиқоти имсола ба дарвозаи рақибонаш ҳамагӣ 20 тӯб задааст ва дар рӯйхати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дар ҷойи аввал қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол “Истиқлол” бо 36 имтиёз дар ҷадвали мусобиқоти лигаи олӣ садрнишин аст. Ба душанбегиҳо барои ба даст овардани медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар се бозии боқимонда ба даст овардани чаҳор имтиёз кофист.

“Истиқлол” бозии навбатиашро рӯзи шанбеи 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе муқобили «Регар-ТадАЗ» анҷом медиҳад.

“Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор, ки бо 28 имтиёз дар ҷойи дувум аст, барои медалҳои нуқра муддаии аслист. Се даста – “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода, ССКА “Помир” ва “Барқчӣ”-и Душанбе, ки мутаносибан дар зинаҳои севум, чорум ва панҷуми ҷадвал ҷойгир шудаанд, барои медалҳои нуқраву биринҷӣ мубориза мебаранд.

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии даври 18-ум

«Истиқлол» – «Парвоз» – 8:2

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 11 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 16 (2:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 19 (3:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 23 (4:0). Манучеҳр Ҷалилов, 30 (5:0). Манучеҳр Ҷалилов, 43 (6:0). Ғафур Мадаминов, 51 (6:1). Бахтовар Зокиров, 56 (6:2). Манучеҳр Ҷалилов, 82 (7:2). Дэвид Мавутор, 86 (8:2).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук (Сӯҳроб Ҷалилов, 46), Амирбек Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Дэвид Мавутор, Фатҳулло Фатҳуллоев (Нозим Бобоҷонов, 46), Фаридун Шарифов, Ҷаҳонгир Алиев, Дилшод Восиев, Манучеҳр Ҷалилов (Исмоил Алимардонов, 84).

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров): Соҳибҷон Эргашев, Хуршед Воҳидов, Рустам Домуллоҷонов, Азиз Мирзоев, Рашид Мирхолиқов, Шоҳрух Тошматов, Азиз Шамсиев, Алишер Ҳайдаров, Азиз Абдусамиев, Бахтовар Зокиров (Боир Эргашев, 86), Ғафур Мадаминов.

Огоҳонида шуданд: Амирбек Ҷӯрабоев («Истиқлол»), Хуршед Воҳидов («Парвоз»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

Нозири доварон: Алишер Урунов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

10 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказиии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

15

11

3

1

54-17

36

2

«Ҳосилот» (Фархор)

14

8

4

2

28-13

28

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

13

7

2

4

30-14

23

4

ССКА «Помир» (Душанбе)

14

7

2

5

19-11

23

5

«Барқчӣ» (Душанбе)

13

6

2

5

20-18

20

6

«Хайр» (Ваҳдат)

14

5

4

5

20-22

19

7

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

14

5

3

7

19-28

18

8

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

14

5

1

8

13-31

16

9

«Равшан» (Кӯлоб)

14

2

3

9

15-36

9

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

15

1

2

12

12-40

5

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 20 тӯб, Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ»), Комил Саидов («Барқчӣ»/«Ҳосилот») – 9-тӯбӣ, Агблей Ҷонес («Хайр») – 8 тӯб, Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ») – 7 тӯб.

XS
SM
MD
LG