Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи президенти Қазоқистон ба шоҳи Урдун


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Шоҳи Урдун Абдулло II барандаи ҷоизаи "барои дунёи бидуни аслиҳаи ҳастаӣ ва амнияти саросарӣ" шудааст. Муассиси ин ҷоиза Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон гуфт ва ӯ дар ин бора зимни қабули эътимоднома аз сафирони кишварҳои хориҷӣ хабар дод. "Барои саҳмгузорӣ дар бунёди дунёи бидуни силоҳи ҳастаӣ ман қарор кардам, ки ҷоизаи махсус муқаррар кунам", - гуфт Назарбоев. Президенти Қазоқистон афзудааст, барои эътои ин ҷоиза кумитаи махсус низ таъсис ва ҳамасола ҷоизаи мазкур рӯзи 29 август - дар рӯзи баста шудани полигони ядроии Семипалатинск ба ғолибонаш расонда мешавад.

XS
SM
MD
LG