Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон


Баъд аз зуҳри 10 октябр дар Театри опера ва балети Душанбе “Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон” оғоз мешавад. Амалхонум Гаҷиева, раиси созмони фарҳангии «Бохтар», гуфт, ин маърака то 16 октябр дар Душанбе ва Норак ҷараён хоҳад дошт. Гаҷиева ҳадафи «Ҳафтаи Аврупо»-ро ошноии бештари мардуми тоҷик бо фарҳанги Аврупо унвон кард ва гуфт, “дар чорчӯби ин чорабинӣ намоишномаи “Адский вечер”, аз рӯи пйесаи драмматурги фаронсавӣ Жан Пйер Мартинез намоиш дода мешавад”. Ин асарро хонум Гаҷиева ба забони русӣ тарҷума кардааст.

XS
SM
MD
LG