Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши Кумитаҳои миллии олимпӣ дар Сочи


Ҳамоиши Кумитаҳои миллии олимпии ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил), кишварҳои Балтик ва Гурҷистон рӯзҳои 6-7 октябр дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуд. Ин ҳамоишро Кумитаи олимпии Русия дар ҳамкорӣ бо ҳамонҳангсози ҳамоишҳои Кумитаҳои миллии олимпии ИДМ, кишварҳои Балтик ва Гурҷистон, инчунин Донишгоҳи байналмилалии олимпии Русия ташкил намуд.

Дар ин ҳамоиш, ки дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи байналмилалии олимпии Русия баргузор шуд, намояндагони Кумитаҳои миллии олимпии 14 кишвари собиқи шӯравӣ иштирок доштанд. Ба ҳамоиш, инчунин раҳбарону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии олимпии Русия даъват шуда буданд.

Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш мудири кулли Кумитаи олимпии Русия Владимир Сенглеев ширкаткунандагонро ба Сочи хайра мақдам гуфт ва дар бораи фаъолияти Кумитаи олимпии Русия, дастовардҳо ва рушди ҳаракати олимпӣ дар ин кишвар иттилоъ дод.

Баъдан ҳамоҳангсози ҳамоишҳои кумитаҳои миллии олимпии ИДМ, кишварҳои Балтик ва Гурҷистон Юрий Юрев, ки сардори Раёсати ташкилии Кумитаи олимпии Русия мебошад, суханронӣ кард. Вай иброз дошт, ки ин ҳамоиш барои ҳаждаҳумин бор баргузор шудааст ва ҳамагӣ ҳашт кишвар мизбони чунин ҳамоишҳо гардидаанд. Соли гузашта ҳамоиши мазкур дар Ереван доир шуда буд ва баъди 16 сол боз Русия макони ҳамоиши Кумитаҳои миллии олимпии ИДМ, кишварҳои Балтик ва Гурҷистон гардид.

Раиси Донишгоҳи байналмилалии олимпии Русия Лев Белоусов дар бораи ҳаракати олимпӣ дар ҷаҳони муосир, президенти Федератсияи байналмилалии варзиши донишҷӯён Олег Матитсин роҷеъ ба варзиши олимпӣ ва универсиадаҳои ҷаҳонӣ, раиси Федератсияи тиби варзишии Русия Борис Поляев дар бораи вазифаҳои пизишкон дар давраи ҳозира маърӯзаҳо карданд.

Нарзуллоҳи Латиф
Нарзуллоҳи Латиф

Дар ҷараёни мулоқоти дурӯза ширкаткунандагони ҳамоиш дар бораи роҳҳои шавқовари рушди ҳаракати олимпӣ дар кишварҳои худ, барномаҳои миллии зидди доруҳои мамнуъ, масоилиҳалталаби инкишофи ҳаракати олимпӣ табодули таҷриба намуданд.

Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Туркманистон Озод Муродов дар бораи ҷараёни омодагиҳо ба Бозиҳои V осиёӣдар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки аз 17-ум то 27-уми сентябри соли 2017 дар шаҳри Ишқобод баргузор мешаванд, иттилоъ дод ва филми мустанадро ба ширкаткунандагони форум пешкаш кард. Вай гуфт, ки дар ин бозиҳо ширкати 5500 варзишгар аз 69 кишвари Осиё ва Уқёнус дар назар аст. Онҳо аз рӯи 21 намуди варзиш рақобат мекунанд.

Ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Озарбойҷон Чингиз Ҳусейнзода роҷеъ ба давраи омодагиҳо ба Бозиҳои IV ҳамбастагии исломӣ, ки аз 12-ум то 22-юми майи соли оянда дар шаҳри Боку доир мешаванд, нақл кард ва дар ин бора филми мустанадро пешкаши ширкаткунандагони форум намуд. Ба гуфтаи ӯ мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо бо иштироки беш аз 5000 варзишгар дар 20 намуди варзиш барпо мегардад.

Дар рӯзи дувуми ҳамоиш намояндагони Кумитаҳои миллии олимпӣ бо кори Маркази федеролии ҷанубии омодагии варзишии Сочи, ки дар иншоотҳои он дастаҳои Русия оид ба намудҳои мухталиф мунтазам ҷамъомадҳои таълимиву тамринӣ мегузаронанд, ошно шуданд.

Ҳамчунин ширкаткунандагони ҳамоиш аз истироҳатгоҳи лижаронии кӯҳии “Роза Хутор”, ки дар мавзеи Красная Полянаи шаҳри Сочи ҷойгир шудааст, дидан карданд. Зимнан, моҳи феврали соли 2014-умдар он ҷо мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ оид ба лижаронии кӯҳӣ, сноуборд ва фристайл баргузор шуда буд.

Тоҷикистонро дар ҳамоиши Кумитаҳои миллии олимпии ИДМ, кишварҳои Балтик ва Гурҷистон узви Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Нарзулло Латифов, ки раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиш мебошад, намояндагӣ кард. Вай тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи миллии олимпиро ба мудири кулли Кумитаи олимпии Русия Владимир Сенглеев ва ҳамоҳангсози ҳамоишҳои Кумитаҳои миллии олимпӣ Юрий Юрев супурд.

Инчунин Нарзулло Латифов китоби нави худро бо номи “Дилшод Назаров – қаҳрамони олимпӣ”, ки ба тозагӣ дар матбааи ҶДММ “Андалеб”-и Душанбе чоп шудааст, ба намояндагони Кумитаҳои миллии олимпии ИДМ, кишварҳои Балтик ва Гурҷистон тақдим намуд. Дар ин китоб дар бораи дастоварди бузурги варзишгари машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) дар риштаи гурзандозӣ нақл карда мешавад. Инчунин хонанда роҷеъ ба натиҷаҳои нишондодаи дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Олимпиадаи Рио-2016 маълумот пайдо мекунад.

Китоби мазкур, ки онро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон др ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон ба табъ расондааст, ҳамчун манбаи иттилоотӣ барои доираи фарохи хонандагон, аз ҷумла, ҷавонон, донишҷӯёну устодон, кормандону хабарнигорони соҳа, муаррихону муҳаққиқон ва алоқамандони варзиш пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG