Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози кори Хадамоти марзбонӣ ва пулиси соҳилгард дар Аврупо


Дар чаҳорчӯби мубориза бо бӯҳрони муҳоҷират рӯзи панҷшанбе дар Иттиҳодияи Аврупо хадамоти марзбонӣ ва ҳифозати соҳилҳо ба кор оғоз кард. Нахустин маъмурияти идораи нав дар гузаргоҳи марзии байни Булғористон ва Туркия мустақар шуд.

Ситоди хадамоти нав дар Варшава, пойтахти Лаҳистон ҷойгир шудааст. Қарор аст, ки теъдоди марзбонҳо барои ин ниҳод аз моҳи декабр ба 1500 нафар бирасад. Дар ҳолатҳои бӯҳронӣ ин неру дар хориҷ аз марзҳои Иттиҳодияи Аврупо ба кор бурда мешавад. Хадамоти марзбонӣ ҳамчунин метавонад муҳоҷиронеро, ки дар Аврпуо ҳақи паноҳандагӣ наёфтаанд, бо ташкили парвози ҳавопаймоҳо ба ватанашон баргардонад.

Идораи марзбонӣ ва ҳифозати соҳилҳои Иттиҳодияи Аврупо аввалин хадамоти фаромиллӣ аст. Соли 2015 беш аз якуним миллион муҳоҷир дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳ аз кишварҳои Ховари Миёна ва Африқо ба Аврупо омадаанд.

XS
SM
MD
LG