Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ДИИШ 29 танро дар марзи Сурия бо Туркия ҳалок кард


Дастикам 29 нафар, асосан шӯришиён дар марзи Сурия бо Туркия дар ҳамлае кушта шуданд, ки масъулияти онро гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" бар дӯш гирифтааст. Гурӯҳи нозири ҳуқуқи башари Сурия, мақарраш дар Бритониё мегӯяд, ҳамла рӯзи 6 октябр дар гузаргоҳи Адмеҳ дар вилояти Идлиб ба вуқӯъ паваст ва асосан ҷиноҳи ҷангиёнеро ҳадаф қарор дод, ки Туркия дар ҷанг бо ДИИШ аз онҳо пуштибонӣ мекунад.

Манбаи хабарии ДИИШ (Амақ) мегӯяд, ки ҳамлагари интиҳорӣ корвони шӯришиёнро ҳадаф қарор дод. Нумэн Куртулмус, ноиби нахуствазири Туркия ин ҳамларо "ҷиноят алайҳи башарият" унвон кард.

Миёнаҳои моҳи август ҳудудан сӣ шӯришӣ дар ҳамин гузаргоҳ кушта шуд ва ДИИШ иддао кард, ки ҳамларо ҷангиёни гурӯҳи худхондаи "Давлати исломӣ" анҷом додаанд. Ҷиноҳи шӯришгарон ҳоло бо кӯмаки низомии Туркия бар зидди ДИИШ дар марзи дигар, воқеъ дар қисматҳои шимолушарқ мубориза мебарад.

XS
SM
MD
LG