Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Русия бояд пурзӯру нирӯманд бошад


Президенти Русия Владимир Путин аз аъзои нави Думаи давлатӣ хост, ки аз талошҳои афзоиши тавонмандиҳои амниятии кишвар ва ҳам манофеи Русия дар саҳнаи байналмилалӣ ҳимоят кунанд. Зимни суханронӣ дар ҷаласаи нахустини Думаи давлатӣ рӯзи 5 октябр Путин гуфт, ки аъзои парлумон бояд барои бунёди Русияи “қавӣ” саҳмгузор шаванд.

“Мо бояд ҳамеша ёд дошта бошем, ки пурзӯрии Русия як шарти калидии ҳифзи давлатдории мо, истиқлолият ва ҳифзу нигаҳдошти Русия аст, ки хонаи ягона, воҳид ва азизи миллатҳои сокини ин кишвар аст.”

Путин аз аъзои Дума даъват кард, ки ихтилофҳои сиёсиро фаромӯш кунанд, чун, ба қавли ӯ, ояндаи Русия ва шаҳрвандонаш аз амбисияҳои шахсиву ҳизбӣ баландтар меистад.

Интихоботи рӯзи 18 сентябр бо пирӯзии ҳизби ҳокими “Русияи Воҳид” анҷом шуд. Дар ҳоле, ки се ҳизби дигари тарафдори сиёсати Путин ба Дума роҳ ёфтанд, мунаққидони воқеии Кремлин аз маҷлис берун монданд. САҲА гуфт, ки ин интихобот бо қонуншиканиҳо ва ҳам нақзи ҳуқуқи аслии сиёсӣ гузашт.

XS
SM
MD
LG