Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миятович ҳукми Матаевҳоро "хатаровар" номид


Дунё Миятович, намояндаи САҲА оид ба масъалаҳои озодии ВАО дар робита ба содир шудани “ҳукми сангин” нисбат ба Сайитқозӣ Матаев, раиси Иттифоқи журналистони Қазоқистон (ИЖҚ) ва писараш Асет Матаев нигаронӣ баён кардааст.

Намояндаи САҲА бо нашри як изҳорот 4 октябри соли равон гуфтааст, ки ин гуна ҳукмҳо метавонанд ба озодии ВАО дар Қазоқистон хатар эҷод кунанд.

Додгоҳи Остона рӯзи душанбе раиси ИЖҚ ва писараш Асет Матаевро, ки мудири хабаргузории КазТАГ аст, ба 6 ва 5 соли зиндон маҳкум кард. Аммо падару писар мегӯянд, айби қаллобӣ ва саркашӣ аз пардохти андозе, ки зидди онҳо эълон кардаанд, асос надорад.

Миятович афзудааст, ки ин гуна ҳукмҳо метавонанд ба баста шудани ИЖҚ ва хабаргузории КазТАГ сабаб шуда, ҳамчунин оқибатҳои фоҷеабореро барои гуногунандешии ВАО-и Қазоқистон дар пай дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG