Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумшудагони тоҷик аз Иморат оварда мешаванд


Бар асоси созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Иморати Мутаҳҳидаи Араб, ки рӯзи 5 октябр аз тарафи порлумон ба тасвиб расид, маҳкумшудагони тоҷик барои идомаи адои ҷазо ба ватан оварда мешаванд. Муҳаммадиброҳим Қосимзода, муовини додситони кулли Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии ин санад дар порлумон гуфт, “созишнома дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17 марти соли 2016 ба имзо расидааст ва ҳадафи он баргардондани маҳкумшудагон аз зиндонҳои ду кишвар аст”.

Аммо бо вуҷуди тасвиби ин созишнома аз ҷониби порлумони Тоҷикистон, Муҳаммадиброҳим Қосимзода, муовини додситони кулл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо то ҳол иттилоъ надорем, ки чӣ теъдод аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои Иморат ба сар мебаранд. Баъди тасвиби санад ин мавзӯъ матраҳ мешавад”.

Қосимзода таъкид кард, ки “шаҳрвандони Иморат дар зиндонҳои Тоҷикистон нестанд”. Муовини додситони кулли Тоҷикистон гуфт, “бар асоси ин созишнома онҳое, ки ҷиноят карда ва зиндонӣ ҳастанд, барои идомаи адои ҷазо ба Тоҷикистон оварда мешаванд”.

XS
SM
MD
LG