Донишманди ҷопонӣ Ёшинорӣ Оҳсумӣ барандаи ҷоизаи Нобели соли 2016 дар бахши тиб эълон шуд. Ин ҷоиза ба хотири кашфи “механизми худнобудшавии ҳуҷайраҳо” ё аутофагия ба ин донишманд тақдим шуд. Донишгоҳи Салтанатии Стокҳолм рӯзи 3 октябр гуфт, ки кашфиёти Оҳсумӣ намунаи нави дарки тарзи нобудшавии ҳуҷайраҳоро ба намоиш гузошт. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ин кашфиёт тарзи нави бархӯрд ба инфексияҳоро нишон медиҳад.
Ҷоизаи Нобел бо арзиши 8 миллион крони шведӣ, ки баробар бо 930 ҳазор доллар аст, қарор аст дар маросиме ҳафтаи оянда тақдим шавад. Ҷоизаи Нобел дар бахшҳои илм, адабиёт ва сулҳ соли 1901 бо ташаббус ва баъди марги Алфред Нобел, як донишманди шведӣ таъсис шудааст.