Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор голи бе ҷавоби "Истиқлол" ба дарвозаи "Равшан"


Дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Ҳосилот”-и Фархор дар бозиҳои аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол, ки шоми 1 октябр ба анҷом расиданд, дар майдони худ пирӯз шуданд.

Дар бозии “Истиқлол” бо “Равшан”-и Кӯлоб, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, душанбегиҳо бо ҳисоби 4:0 ғолиб омаданд. Ҳисобро Дэвид Мавутор дар дақиқаи 30-юм боз кард. Манучеҳр Ҷалилов дар се дақиқаи охири нимаи аввали бозӣ ду бор

Шоҳрух Раҷабматов, бозигари “Хуҷанд”, дар нимаи аввали дидор ду бор тӯбро ба дарвозаи дастаи худ равон кард.

дарвозабони меҳмонон Амирҷон Ҳоҷимуродовро маҷбур сохт, ки тӯбро аз тӯри дарвоза бигирад. Голи чаҳорумро дар нимаи дувуми дидор Нозим Бобоҷонов (дақиқаи 90+2) аз ҷаримаи 11-метрӣ ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ «Ҳосилот» дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. Шоҳрух Раҷабматов, бозигари “Хуҷанд”, дар нимаи аввали дидор ду бор тӯбро ба дарвозаи дастаи худ равон кард. Ду голи дигари мизбононро низ Ҳасан Рустамов ва Комил Саидов дар қисми якум заданд.

Голҳои меҳмононро дар нимаи дувуми бозӣ Илҳомҷон Баротов ва Манучеҳр Аҳмадов (аз пеналтӣ) ба самар расонданд. Ба ин тартиб, дастаҳои “Истиқлол” ва “Ҳосилот” барои ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтан заминаи устувор гузоштанд.

Дар мавсими соли гузашта “Истиқлол” барои бори панҷум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.

Мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон аз соли 1992 барои бори 25-ум барпо шудааст. Ҳамагӣ даҳ даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – 6 бор “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Истиқлол” панҷ бор ва “Хуҷанд” се бор барандагони Ҷом шудаанд.
“Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Дар мавсими соли гузашта “Истиқлол” барои бори панҷум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2015 байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ”, ки рӯзи 28 ноябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор шуд, бо пирӯзии футболбозони Душанбе хотима ёфт.

Замони асосии бозӣ бидуни гол ба анҷом расид. Замони изофӣ – ду қисми 15-дақиқагӣ - бо ҳисоби мусовии 2:2 поён ёфт. Ғолиб тавассути силсилаи пеналтӣ муайян шуд. Дар иҷрои зарбаҳои 11-метрӣ кори футболбозони “Истиқлол” омад кард. “Истиқлол” аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 6:5 ғолиб омад.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ– 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Гафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1
2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1
2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6
2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5

XS
SM
MD
LG