Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳавопаймои Малайзияро "Бук"-и Русия задааст"


Муаррифии гузориши муҳаққиқони байналмилалӣ дар Ҳолланд. 28 сентябри 2016
Муаррифии гузориши муҳаққиқони байналмилалӣ дар Ҳолланд. 28 сентябри 2016

Муҳаққиқони байналмилалӣ эълон карданд, ки ҳавопаймои Малайзия дар фазои Донбасс дар ду соли пеш тавассути мушакандози "Бук"-и Русия зада шудааст. Дар натиҷаи суқути ин ҳавопаймо, ки аз Амстердам ба Куала-Лумпур парвоз мекард, 298 сарнишин кушта шуданд. Муҳаққиқони байналмилалӣ рӯзи 28 сентябр ҳангоми муаррифии хулосаашон дар Ҳолланд гуфтанд, ки мушакандози "Бук"-ро аз қаламрави Русия ба Украина оварда ва баъди мушакандозӣ ба қаламрави он кишвар баргардондаанд.

Вилберт Пуаллисен, раҳбари пулиси таҳқиқотгари Ҳолланд, дар ин нишаст гуфт, "ба гурӯҳи тафтишотӣ муяссар шуд, ки бахши бузурги хатти ҳаракати мушакандози “Бук” ва мошинҳои ҳамроҳи онро маълум кунад ва дақиқ харитаашро бикашад. Дар аввал аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва муколамаҳои сабтшуда ва сипас аз шаҳодати чанд нафар, ки мошинҳо ва мушакандози “Бук”-ро дидаанд."

Гузашта аз ин, ба қавли муҳаққиқон, ҳавопаймои Малайзия аз маҳалли Первомайск, шаш километр дуртар аз шаҳри Снежное мавриди ҳадаф қарор гирифтааст, ки ин қаламрав дар моҳи июли соли 2014 таҳти назорати ҷудоиталабони тарафдори Русия қарор дошт. Сабти суҳбати телефонии ҷудиоталабон дар ин бора ба ҳайси як далел пешниҳод шудааст.

XS
SM
MD
LG