Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳадафи таркиши Будапешт кӣ (чӣ) буд?


Карол Папп, сардори пулиси Маҷористон, гуфт, ки ҳадафи таркиши шаби шанбе ба якшанбе дар Будапешт кормандони пулис будаанд. Пулис навори дурбинҳои назоратии макони ҳодисаро таҳқиқ кардааст. Ба гуфтаи Папп, марди гумонбар 20 сол дошта, барои кофтукоби ӯ садҳо корманди пулис сафарбар ва ба раванди тафтишот маркази зиддитеррористии ин кишвар ҷалб шудааст. Таркиши мазкур дар яке аз минтақаҳои серодами Будапешт рух дод. Маводи тарканда пур аз мех буда, дар натиҷаи инфиҷори он ду корманди пулис захмӣ шудаанд. Ангезаи ин амал ҳанӯз маълум нест.

XS
SM
MD
LG