Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳои хушунатбор дар Каролинаи Шимолӣ


Ду рӯз инҷониб дар бузургтарин шаҳри аёлати Каролинаи Шимолӣ бархӯрдҳои эътирозгарон бо полис ҷараён дорад. Ин бархӯрдҳо 20-уми сентябр баъди куштори як марди сияҳпӯст аз сӯи афсари полис оғоз ёфтаанд. Волии Каролинаи Шимолӣ дар шаҳри Шарлотта вазъи фавқулода эълон кард ва горди миллиро барои таъмини назму субот дар ҳоли омодабош қарор дод. Силсилаи кушторҳо дар шаҳрҳои бузурги ИМА баҳсҳои оташинро дар бораи нажод, камбизоатӣ ва равобит бо полис аланга додааст.

Шоми чоршанбе раҳпаймоии садҳо нафар дар маркази шаҳри Шарлотта бо бархӯрд анҷом гирифт, ки дар натиҷа як мард ҷароҳати ҷиддӣ бардошт. Полиси шаҳр, ки ба тарафи эътирозгарон гази ашковар ва норинҷакҳои оташафкан партоб кард, мегӯяд, масъулияти ин ҷароҳат бар дӯши полис нест. Як рӯз пеш аз он гирдомадагон шоҳроҳи маҳаллиро баста, ба тарафи полис санг партофтанд, ки бар асари он дастикам 16 афсар маҷрӯҳ шуд.

Ба қавли афсарони полис 20-уми сентябр Кейт Скот-сокини 43 -солаи ин аёлат, ки мусаллаҳ буд аз иҷрои амри полис сарпечӣ кард ва ҳадафи тир қарор гирифт. Наздикони Скот мегӯянд, дар дасти ӯ на силоҳ, балки китоб буд.

Эътирози шабеҳе бар зидди полис дар шаҳри Тулсаи аёлати Оклаҳома ҷой дорад. Ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он афсарони полиси Тулса марди сияҳпӯстеро ба қатл мерасонанд, ки дастонаш ба нишони таслим боло будаанд.

Ин куштору эътирозҳо баҳси нажод ва хушунати полисро ба яке аз мавзӯъҳо дар интихоботи президентии моҳи ноябр табдил додааст.

XS
SM
MD
LG